Ҳамлаи ҷангиён ба посгоҳе дар Хайбари Покистон

Ағбаи стротегии Хайбар

Бар асари ҳамлаи субҳи имрӯзи даҳҳо ҷангӣ ба як посгоҳи амниятӣ дар шимолуғарби Покистон ду афсари пулис кушта ва 5 тани дигар захмӣ шудаанд. Пулис мегӯяд, тайи 3 соати задухӯрд дар минтақаи қабиланишини Хайбар ҷангиён низ қурбонӣ додаанд, вале маълум нест, ки чанд ҷангӣ ҷон бохтаанд. Ин минтақа аз паноҳгоҳҳои Толибон ва Ал-Қоида маҳсуб мешавад.
Ҷангиёни марбут ба ин ду гурӯҳ мизони ҳамалоти худро баъд аз қатли раҳбари Ал-Қоида тавассути нирӯҳои вижаи Амрико дар Аббатободи Покистон афзоиш додаанд.