Силоҳбадастони мотосиклсавор имрӯз дар Карочии Покистон ба мошини консулгарии Арабистони Саудӣ ҳамла бурда, як дипломати Саудиро куштаанд. Ду рӯз пеш ба консулгарии Саудия дар Карочӣ ду хумпора ҳам андохта буданд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро, ки баъд аз қатли раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лоден аз сӯи нирӯҳои вижаи Амрико дар Аббатобод иттифоқ меуфтанд, ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст. Ал-Қоида гуфтааст, интиқоми қатли раҳбарашро хоҳад гирифт.