Ҳалокати 6 нафар дар инфиҷори автобус дар Покистон

Полиси Покистон мегӯяд, дар инфиҷори як автобус дар вилояти шарқии Панҷоб шаш нафар кушта шудаанд. Таркиши автобус дар наздикии шаҳри Харён, 125-километрии ҷанубушарқи Исломобод ба вуқӯъ пайваст. Сардори полиси минтақа, Афзал Кавсар гуфт, ҳангоми таркиш 50 нафар андаруни автобус буданд ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Сабаби инфиҷор ҳанӯз ошкор нашудааст.