Ҳушдори Кобул ба раҳбарони Толибон

Халилӣ дар анҷумани сулҳи Кобул

Кобул имрӯз аз раҳбарони Толибон даъват кард, ба раванди сулҳ бипайванданд, вагарна сарнавишти раҳбари ҳафтае пеш кушташудаи шабакаи Ал-Қоида Усома Бин Лодинро такрор хоҳанд кард. Муҳаммадкарим Халилӣ, ноиби раисиҷумҳури Афғонистон дар ифтитоҳи анҷумани дурӯзаи талошҳои сулҳ музокиротро фурсате барои Толибон барои рафтан ба оғӯши сулҳ номид. Ӯ афзуд, қатли Бин Лодин дар Аббатобод ҳокист, ки иддаои Кобул дар бораи аз сӯи бархе доираҳои Покистон ҳимоят шудани раҳбарони Толибон ва Ал-Қоида дуруст будааст. Дар анҷумани сулҳи Кобул аъзои кобинаи вазирон, волиёни вилоятҳо, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони СММ ширкат доранд.