Дар ин сурат ман ҳамроҳи ду апаам ва як бародарам ва хоҳарам мебошам. Ман он писари хурдам (Ман дар СССР зистаам), ки ба ёди он замон ва макон ҳар рӯз ба хаёл дар Душанбеи имрӯза парешону ҳайрон мегардам.
Ин самолёт ил-18 буд ки андарунаш мо кӯдакон ҳамеша НУ ПОГОДИ тамошо мекардем. Пас аз сӯхтори самолёт ил-18 дар ҳамон ҷой бозори Саховат сохта шуд. Акнун бо мурури замон нимае аз он бозори Саховат низ сӯхта шуд.
Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
(Фирдавсӣ)
Либосҳое ки (дар сурат) дар бар доштем, парадная формаи мо буд. Аммо ҳеҷ наметавонам то ба имрӯз фаромӯш кардан ки кафши пойи ман кӯҳна буд ва сӯрох дошт. Кошки ҳамон кафши кӯҳнаам дар бар будӣ ва кӯдаквор аз ҳайбати он ил-18 бо сурури НУ ПОГОДИ роҳате чун дар боғи фирдавс доштаме. Ба ёди он замон ва макон ҳар рӯз ба хаёл дар Душанбеи имрӯза парешону ҳайрон мегардам;
Ёрӣ андар кас намебинам, ёронро чӣ шуд?
Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд? ...
(Ҳофизи Шерозӣ)
Бо эҳтиром
Саттор