Интиқоди Вошингтон аз аъмоли мақомоти Сурия

Вазорати умури хориҷии ИМА амалҳои мақомоти Сурия алайҳи ширкатдорони намоишҳои зиддиҳукуматиро “ваҳшиёна” арзёбӣ кард.

Намояндаи вазорат Марк Тоунер ахиран гуфт, ки истифодаи тонкҳо ҳангоми парокандасозии тазоҳурот ва боздоштҳои оммавиро метавон “муҷозоти дастаҷамъии шаҳрвандони бегуноҳ” номид.

Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, дар тақрибан ду моҳи эътирозҳо дар кишвар беш аз 560 нафар ба ҳалокат расидаанд.

ИМА алайҳи ҳукумати Сурия таҳримҳо ҷорӣ кард, Иттиҳодияи Аврупо низ мехоҳад чунин тасмим бигирад.