Шӯришиёни Либия аз кишварҳои ғарбӣ дархости кӯмак карданд

Шӯришиёни Либия, ки назорат бар шарқи ин кишварро дар ихтиёр доранд, гуфтааанд, ки агар кишварҳои ғарбӣ ҳудудан то 3 миллиард доллар қарз надиҳанд, иқтисоди ин кишвар тобистони соли ҷорӣ суқут хоҳад кард. Алӣ Тарҳонӣ-ки дар ҳукумати шӯришиён мақоми вазири иқтисоду нафтро ӯҳдадор аст, аз Фаронсаву Италия ва Амрико хостааст, ки аз 2 то 3 миллиард доллар вом диҳанд. Иқтисоди Либия баъд аз ду моҳи даргириҳои миёни шӯришиён ва ҷонибдорони Муаммар Қаззофӣ дар ҳоли суқут аст. Қаззофӣ дар ин кишвар 41 сол ҳукм рондааст.