Зарфи ҳифозатии плутониум дар реактор шикастааст?

Гардонандаи ниругоҳи ҳастаии Фукушимаи Ҷопон, ки аз зилзилаву сунамӣ осеб дидааст, эътироф кард, ки зарфи ҳифозатии хатарноктарин сӯхти ҳастаӣ, яъне плутониум дар реактори шумораи 3 мумкин аст осеб дида бошад. Чунин эътирофотро Ҷопон замоне ба забон овард, ки муҳандисон ҳангоми талоши сард кардани реактор олудаи ташаъшуъ ё радиоатсия шуданд ва мизони он 10 000 бор аз мизони маъмулӣ бештар будааст. Бими он меравад, ки зарфи дорои сӯхти ҳастаӣ ҳангоми зилзилаи 9 дараҷаи ҷадвали Риштер шикастааст ва сипас сунамӣ системаии сардкунандаи реакторро аз кор баровардааст. Системаи сардкунанда дар ҳамаи 6 реактор аз кор мондааст. Тибқи маълумоти расмӣ ҳоло шумораи қурбониёни зилзила ва сунамӣ дар Ҷопон ба 10 000 нафар расидааст. 17 000 нафари дигар бедарак шудаанд.