Субҳи 23 март дар Тоҷикистон як заминларзаи шиддаташ 4,7 балл рух додааст. Ба гуфтаи мақомоти зилзиланигории Тоҷикистон, маркази заминларза дар қаламрави Афғонистон, дар тақрибан 350-километрии ҷанубушарқи Душанбе воқеъ буда, шиддати зилзила дар пойтахти Тоҷикистон 4 баллро ташкил додааст. Тоҷикистон аз кишварҳои зилзилахези минтақа маҳсуб шуда, ҳар сол дар қаламраваш то 2000 заминларза сабт мешавад.