Суқути ҳавопаймои низомии амрикоӣ дар Либия

Дар Либия ҳавопаймои низомии F-15E суқут намуд, ки дар амалиёти байнулмилалии муқаррар сохтани минтақаи мамнӯъ барои парвозҳо ширкат мекард.

Ба иттилоъи низомиёни воломақоми амрикоӣ, ба сарнишинҳои ҳавопаймо осебе нарасидааст. Нашрияи бритониёвии Daily Telegraph хабар дод, ки сарнишинҳо дар минтақаи таҳти назорати ошӯбгарон ошкор шуданд.

Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо бар асари мушкили техникӣ суқут кардааст.

Нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ шаби гузашта ҳамла ба сохтори зидди ҳамлаи ҳавоӣ ва мавқеъи низомиёни ҳукумати Либияро идома доданд. Шаҳри Триполӣ низ ҳадафи бомбборон қарор гирифт.

Мақомоти Либия гуфтанд, ки ҳангоми зарба ба фурудгоҳ дар шаҳри Сирт теъдоди зиёди одамон кушта шудаанд. Телевизиони Би-Би-Си бо пахши ин хабар афзудааст, ки ин иттилоъ то ҳол аз сӯи дигар манбаъҳо тайид нашудааст.

Хабар дода мешавад, ки бар асари дахолати кишварҳои хориҷӣ ҳаракати нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ ба мавқеъҳои ошӯбгарон мутаваққиф гардид.