Покистону Тоҷикистон Эъломияи Муштарак имзо карданд

Покистон ва Тоҷикистон изҳори омодагӣ карданд, ки ҳамкориҳои худро дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, мухобироту энержӣ, кишоварзиву беҳдошт ва варзиш “ба сатҳи нави густариш” боло хоҳанд бурд. Ин нуктаро Юсуф Ризо Гилонӣ-нахуствазири Покистон ва Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъд аз мулоқоти худ изҳор доштанд. Онҳо дар Эъломияи Муштарак имзо гузоштанд, ки ҳамаи бахшҳои ҳамкориро дар бар мегирад. Нахуствазири Покистон Тоҷикистонро ҳамсояи наздики Покистон ном бурд ва гуфт, ин ду кишварро танҳо водии Вахон аз ҳам ҷудо мекунад.