Кӯмаки нақд ба хонаводаҳои муштараки омӯзгорони Қара Су

Дар ҷануби Қирғизистон ба омӯзгороне, ки бо узбакҳо хонаводаҳои муштарак барпо кардаанд, пули нақд дода мешавад, то онҳо аз кори омӯзгорӣ даст накашанд ва минтақаро тарк накунанд. Дар ин бора мақомоти маҳалии ноҳияи Қара Суи вилояти Ӯш тасмим гирифтаанд. Маблағи кӯмак 200 долларро ташкил медиҳад.