Ду киштии Амрико озими соҳилҳои Либия шудааст

Ду киштии ҷангии Амрико имрӯз дар пасманзари бӯҳрони башарӣ дар Либия ва идомаи даргириҳо байни тарафдорон ва мухолифини Муаммар Қаззофӣ ба қасди соҳилҳои ин кишвари арабии шимоли Африқо аз канали Суетс убур кард. Шумори фирориҳо аз Либия танҳо дар Тунис ба 70-75 000 расида, нирӯҳои содиқ ба Қаззофӣ ба хотири касби дубораи назорат бар манотиқе, ки ба дасти эътирозгарон даромадааст, вориди даргириҳои навбанав мешаванд. Нирӯҳои Қаззофӣ, бино ба хабарҳо, як корхонаи нафт дар Брегаро дар шарқи Либия ба даст оварда, шаҳри Аҷдабияро таҳти бомббор қарор додаанд. Имрӯз як мошини маводи сӯхт дар Троблус, дар наздикии қароргоҳи Қаззофӣ таркид.