"Регар-ТадАЗ" дар бозиҳои Ҷоми президенти Туркманистон

Имрӯз 8 дастаи футбол аз Русияву Эрон, Тоҷикистону Арманистон ва Туркманистон дар бозиҳо барои Ҷоми раиси ҷумҳури Туркманистон мусобиқотро оғоз мекунанд. Ин бозиҳо то 28-ӯми феврал давом мекунад. Дар он аз Тоҷикистон дастаи футболи "Регар-ТадАЗ" ширкат меҷӯяд. Ширкаткунадагон дар ду гурӯҳ бозӣ мекунанд. Дастаи Тоҷикистон бо дастаи Небитчи" аз Туркманистон, дастаи "Абу-Муслим" аз Эрон ва дастаи "Шексны"-и Русия дар як гурӯҳ ҷой гирифтаанд. Мусобиқоти футбол барои Ҷоми раиси ҷумҳури Туркманистон аз 16 сол ба ин сӯ баргузор мешавад ва дар он бештар дастаҳои футболи минтақа ширкат меҷӯянд.