Таркиш дар бинои ҳафтаномаи булғорӣ

Дар идораи ҳафтаномаи “Галерия” дар шаҳри София, пойтахти Булғористон, таркиш ба амал омад. Ба иттилоъи полис, дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасидааст, зеро таркиш субҳи барвақт, замоне рӯх дод, ки дар бино касе набуд. Аммо шишаҳои тирезаҳои бино фурӯ рехтанд ва чанд мошин ҳам зарар дидааст.
Алҳол маълум нест, ки таркиш кори дасти кӣ ё кадом гурӯҳ аст. Чанде пеш нашрия сабти сӯҳбатҳои маҳрамонаи телефонии чанд сиёсатмадори булғор, аз ҷумла, нахуствазир Бойко Борисовро нашр карда буд.