Мухолифини серб имрӯз раҳпаймоӣ хоҳанд кард

Бузургтарин ҳизби мухолифи Сербистон мехоҳад имрӯз барои нахустин бор дар чанд соли охир ба зидди ҳукумат намоиши эътирозӣ доир кунад. Тарафдорони ҳизби рушди Сербистон қасд доранд, бо талаби даъвати интихоботи пеш аз мӯҳлат дар ҳошияи сохтмони парлумон дар пойтахт, шаҳри Белград гирди ҳам биоянд. Томислав Николич, раҳбари ҳизби рушд нигарониҳо дар бораи ба гунаи эътирозҳои ду ҳафтаи қабли Албания ба хушунат печидани раҳпаймоии онҳоро радд кард. Сербистон феълан бо пайомадҳои пасрафти иқтисодаш дар набард аст. Омӯзгорони бисёре аз макотиб дар моҳи гузашта корпартоӣ карданд. Ҳафтаи гузашта иттифоқи касабаи кормандони пулис низ ба онҳо пайваст. Ҳамшираҳои тиббӣ ва дорусозон низ гуфтаанд, ки онҳо ҳам шояд аз ин навъи эътироз кор бигиранд.