Сафари Бақоӣ ба таъхир гузошта шуд

Боздиди ноиби раисиҷумҳури Эрон Ҳамид Бақоӣ аз Душанбе барои қариб як ҳафта ба таъхир гузошта шуд. Ибтидо қарор буд, ки Бақоӣ рӯзи 4 феврал вориди Тоҷикистон шавад. Вале ахиран сафари ӯ то рӯзи 10 феврал ақиб андохта шуд.
Қарор аст, Ҳамид Бақоӣ даъватномаи расмии раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба ҷашни байналмилалии Наврӯзро ба ҳамтои тоҷики ӯ Эмомалӣ Раҳмон бисупорад. Дар ин ҷашн, ки рӯзҳои 26 ва 27 март дар Теҳрону Шероз хоҳад гузашт, интизор меравад, руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Афғонистон низ дар канори Аҳмадинажод ширкат кунанд.