Бино ба гузориши “Азия Плюс”, мақомоти кумитаи дини вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон ба зудӣ имтиҳони имом-хатибони масоҷиди Душанберо доир хоҳанд кард. Соли гузашта 242 имоми масоҷиди кишвар таҳти чунин имтиҳон қарор гирифт ва 26 нафар аз санҷиш нагузаштанд. Имом-хатибони масоҷид дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бо ризоияти Кумитаи дин таъйин карда мешаванд. Феълан дар кишвар 3347 масҷиди панҷвақта ва 358 масҷиди ҷомеъ амал мекунанд. 97 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд.