Дар Албания имрӯз тазоҳуроти густурдаи зиддиҳукуматӣ пешбинӣ шудааст. Тарафдорони Ҳизби Сотсиалистӣ қасд дорад, дар шаҳри Тирана ба хотири гиромидошти хотираи се тазоҳургари зиддиҳукуматӣ, ки ҳафтае пеш кушта шуданд, раҳпаймоӣ кунанд. Пулиси Албания ҳушдор додааст, “поёни хуби тазоҳуротро“ замонат дода наметавонад. Бо нигаронӣ аз эҳтимоли хушунат дар раҳпаймоӣ, Иттиҳодияи Аврупо, Иёлоти Муттаҳида ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз Ҳизби Сотсиалисти Албания хостаанд, қасдаш барои тазоҳуротро бознигарӣ кунад.