Сарнавишти муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Норвегия

Сарнавишти Мария Амелӣ, муҳоҷири ғайриқонунии зодаи Русия дар Норвегия таваҷҷӯҳи гурӯҳҳои ҳуқуқи башар, сиёсатмадорон ва мардуми оддиро ба худ ҷалб кардааст ва онҳо дар ин рӯзҳо ба дифоъ аз Мария бархостаанд.
Мария аслан дар Қафқози Шимолӣ зода шудааст. Вай тақрибан даҳ соли ахир дар Норвегия ба сар бурдааст ва дар бораи таассуроти худ дар ин муддат китобе навишта, қонунҳои муҳоҷиратии ин кишварро ба боди интиқод гирифтааст.

"Норвегияи ғайриқонунӣ"

Ба ин далел, ҳоло ба вай масъалаи ихроҷ аз Норвегия таҳдид мекунад. Мария ҷавондухтари таҳсилкарда аст ва Норвегия, кишвареро, ки барои зист интихоб кардааст, дӯст медорад. Барои китобе, ки ахиран ба нашр расонд як маҷаллаи норвегӣ вайро "Одами сол дар соли 2010" эълон кард.

Бо вуҷуди чунин комёбӣ дар Норвегия, Мария дар ин кишвар ҳамоно муҳоҷири ғайриқонунист. Ин китоб зери унвони "Норвегияи ғайриқонунӣ" моҳи сентябр ба нашр расид ва бисёре аз шаҳрвандони Норвегияро муттаассир кард. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва сиёсатмадорону қишрҳои мухталифи ҷомеа, ки тақрибан 1000 нафарро ташкил медод, ҳафтаи гузашта ба дифоъ аз Мария дар Осло раҳпаймоӣ анҷом доданд.

Дар Facebook низ 90 000 нафар ба дархости раҳпаймоёни Осло пайвастанд ва раҳоии Марияро тақозо карданд. Вале мақомоти Норвегия ба чунин дархостҳо посух надодаанд.

Мария бояд Норвегияро тарк кунад?

Мария Амелиро 12-уми январ 8 корманди полис боздошт карданд ва ӯро ба боздоштгоҳе барои муҳоҷирон бурданд. Мария мегӯяд, ба вай чун ба як ҷинояткор муносибат мекарданд. Вай рӯзии 18-уми январ аз ин боздоштгоҳ раҳо шуд. Вале Бринюлф Риснес яке аз дӯстони вай мегӯяд, баъид ба назар мерасад, ки мақомоти расмии Норвегия тасмими худро дар бораи ихроҷи Мирия пас бигиранд.

"Мақомоти муҳоҷиратӣ бар ин ақидаанд, ки бидуни ҳуҷҷат тӯлонӣ ба сар бурдани вай дар Норвегия ҷинояти ҷиддист. Бо вуҷуди ин, ки вай тӯлонӣ дар ин ҷо зист ва ҳоло як духтари норвегист, мақомот пофишорӣ мекунанд, ки вай бояд Норвегияро тарк кунад ва ба кишвараш баргардад. Ҳоло эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки вай ба Русия фиристода шавад",-афзуд ӯ.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, Мария наметавонад барои нақзи қонунҳои муҳоҷират муҷрим шинохта шавад, зеро Норвегия дархости паноҳандагии хонаводаи вайро напазируфтааст. Бино ба гузоришҳо, номи аслии Мария Мадина Саломова аст ва дар Осетияи Шимолӣ ба дунё омадааст. Падару модари вай баъд аз таҳдиди марг ба ҷонашон Қафқози Шимолиро тарк карданд.

Онҳо маҷбур шуданд ба Украина, сипас ба Маскав, аз он ҷо ба Финландия ва баъд ба Норвегия паноҳ баранд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, то ҳол боре ба Мария имкон надодаанд, ки вай дар бораи вазъи худ бо мақомоти муҳоҷиратии Норвегия сӯҳбат кунад. Шаҳрвандони Норвегия бар ин ақидаанд, ки вай барои нашри китоби худ боздошт шудааст, зеро дар китоб вай аз қонунҳои шадиди муҳоҷиратии ин кишвар интиқод кардааст.

Қалби норвегиҳоро таккон додааст

Хонум Берит Линдеман аз Кумитаи ҳуқуқи башари Ҳелсинкӣ мегӯяд, сарнавишти Мария қалби норвегиҳоро таккон додааст. Ин духтар тавонистааст дар давоми як соли баъд аз вурудаш забони норвегиро омӯзад ва ҳоло озодона бо он сӯҳбат мекунад.

"Ба вай муяссар шудааст, ки забони норвежиро дар давоми яку ним сол озодона ёд бигирад. Вай мактаби олиро баъд аз ду соли вуруд ба Норвегия танҳо бо баҳои аъло хондааст. Тавонистааст, ки ба донишгоҳ дохил шавад ва соҳиби дипломи олӣ гардад",-мегӯяд хонум Линдеман

Ҳоло баъд аз боздошт дар Норвегия ба вай ҷои кор пешниҳод кардаанд ва вай бар асоси ин кор усулан метавонад дар ин кишвар визаи корӣ дарёфт кунад. Вале таҳияи виза барои вай хеле душвор хоҳад буд, зеро вай шиноснома надорад.

Ҳангоме ки Мария Русияро тарк кард, 12-сола буд ва дар ин синну сол дар Русия шиноснома намедоданд. Баъд аз боздошти Мария водидайнаш дар Норвегия дар ҷое пинҳон шудаанд. Дар Русия низ гурӯҳи ҳуқуқи башари "Мемориал" ба вай кӯмаки худро пешниҳод кардааст.