Сарони фурудгоҳ интиқодҳоро напазируфтаанд ва мегӯянд, чораҳои амниятӣ ба ҳамаи талабот ҷавобгӯ буданд ва полиси нақлиётии Русия сабабгори фоҷиа шудааст.
Коршиносони амниятӣ камбуди амният дар фурудгоҳи "Домодедово"-ро иқрор мекунанд. Соли гузашта аз ин фурудгоҳ 22 миллион нафар гузаштаанд.
Семен Бару, олими Фарҳангистони удуми Русия, ки дарвозаи муайянкунандаи ташашшӯи ҳастаӣ ихтироъ кардааст, мегӯяд, фурудгоҳи "Домодедово" танҳо як чунин дарвозаро харидорӣ карда, аммо бо баҳонаи он ки худи он ташшаӯи хатарнок дорад, аз истифодааш даст кашидааст.
Бисёриҳо мегӯянд, тафтиши амниятӣ дар фурудгоҳ бештар як чораи расмӣ ва зоҳирист ва он мавҷудияти маводи таркандаи ғайрифилизиро кашф намекунад.
То ҳол ягон шахс ё гурӯҳ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, аммо гумон рӯи ситезаҷӯёни исломии минтақаи ноороми Қафқози Шимолӣ афтодааст. Пажӯҳишгарон гуфтаанд, таркишро марди тануманди тақрибан 30-35- сола анҷом додааст. Бино бар гузоришҳои дигар, зани худкуш низ мумкин аст, дар ин воқеа ширкат карда бошад.
Шӯришгарони Қафқози Шимолӣ масъулияти чандин ҳамла ба Русияро бар дӯш гирифтаанд. Ба монанди гаравгонгирӣ дар мактабе дар Беслан дар соли 2004, ки бар асари он зиёда аз 330 нафар кушта шуданд.
Моҳи марти соли гузашта ду зани худкуш аз Доғистон 40 мусофирро дар метро ба ҳалокат расонданд. Агар ҳамлаи шоми душанбе аз тарафи ошӯбгарони Қафқози Шимолӣ ба амал омада бошад, ин аз тағйири шеваи кори онҳо ва баргузида шудани маҳалҳое бо ҳузури хориҷиён хабар медиҳад.
Вазорати умури изтирории Русия мегӯяд, ҳашт шаҳрванди хориҷӣ дар ин ҳамла кушта шудаанд. Ду шаҳрванди Британия, як нафар аз Олмон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Булғористон ва Украина.
Аммо бархе аз коршиносон мухолифи ишора ба мардуми Қафқози Шимоляинд. Руслан Мартагов, журналист ва сиёсатшиноси чечен, ки қаблан дар Бунёди зиддитеррори Маскав кор кардааст, мегӯяд: "Ман ҳоли ҳозир аз сухане дар бораи нақши дасти қафқозиён худдорӣ мекунам. Бояд пажӯҳиш шавад. Вале як чиз гуфта метавонам, ки барои мақомоти Русия қафқозиҳо як баҳонаи осон шудаанд. Ҳар қадар ки интихобот наздиктар ояд, ҳар қадар ки вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ бадтар шудан гирад, таркишу бомбгузориҳо бештар мешавад. Ва ҳар дафъа аз нақши дасти қафқозиён сӯҳбат мекунанд. Дар ниҳояти амр, ҳамаи ин вертикали қудратро тақвияти бештар медиҳад."