Тирандозӣ дар дохили бинои пулиси Детройт

Пулиси шаҳри Детройти Амрико мегӯяд, соати тақрибан чори баъд аз зӯҳри якшанбе бар асари тирандозии як силоҳбадаст дар қароргоҳи пулис 4 афсар, бо шумули як фармондеҳ, тир хӯрдаанд. Ба гуфтаи пулис, дар натиҷаи оташи ҷавобии маъмурони пулис ҳамлагар кушта шуд. Далели ба пулис ҳамла бурдани он нафари мусаллаҳ ҳанӯз рӯшан нест.