Мессӣ бори дуввум пайдарҳам бозигари беҳтарини сол

Лионел Мессӣ-бозигари футбол аз Аргентина бори дуввум пайдарҳам бозигари беҳтарини сол дар ҷаҳон дониста шуд. Ҳамдастаҳои Мессӣ дар Барселонаи Испания Андрес Иниеста ва Хавӣ мақомҳои дуввум ва севвумро ба даст оварданд.