Ҳафт узви хонавода ва наздикони сиёсатмадори эронӣ Алии Соремӣ чанд соат баъди эъдоми ӯ дар беруни зиндони Эвини Теҳрон боздошт шуданд. Радио Фардо хабар медиҳад, ки аъзои хонаводаи Соремӣ аз хабарҳои телевизион дар бораи нияти мақомоти додсгустарӣ оиди дор овехта шудани азизашон огоҳ шуданд. Ҳасани Соремӣ, бародари Алии Соремӣ гуфт, вақте кулли наздикони бародараш дирӯз пушти девори зиндони Эвин ҷамъ шуданд, боздошт шуданд ва дар миёни онҳо ҳамсар, духтар, хоҳар ва домоди маҳкумшуда буданд. Иттиҳоми мақомоти эронӣ узвияти Алии Соремӣ дар гурӯҳи мамнӯи террористии “Муҷоҳидони халқ” будааст, вале дар сӯҳбат бо радио Фардо Ҳасани Соремӣ гуфт, "эшон ҳеҷ вақт узви Муҷоҳидони халқ набуданд, он кас тарафдори ин созмон буданд ва ин созмонро як ташаккули озодихоҳ мешинохтанд".
Алии Соремӣ 62 сол дошта аз соли 1982 инҷониб чандин маротиба ба зиндон андохта шудааст. Бори охир августи соли 2007 ӯро барои ширкаташ дар маросими поси хотири куштори ҷамъии сиёсатмадорон дар соли 1988 зиндонӣ карданд.