Ҷавоне дар Фаронса 15 кӯдакро гаравгон гирифтааст

Бино ба гузоришҳо, як ҷавони 17-сола чанд кӯдак ва муаллими онҳоро дар мактаби ибтидоие дар шарқи Фаронса гаравгон гирифтааст. Ба гуфтаи пулис ин ҷавон бо ду шамшер мусаллаҳ будааст. Бино ба гузоришҳо, ӯ бештар аз 15 кӯдак дар мактабе дар шаҳри Бесанкон гаравгон гирифтааст.