Боздошти гумонбаршудагони таркиши Хуҷанд

Вазири дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар Русия чанд нафари гумонбар ба таркиши Хуҷанд боздошт шудаанд. Абдураҳим Қаҳҳоров, ки бо иттифоқи ҳамтои русаш Рашид Нургалиев баъд аз анҷоми нишасти 12-уми вазоратҳои дохилии ду кишвар сӯҳбат мекард, гуфт, боздошти ин афрод бо дархости Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Оқои Нургалиев ҳам ин хабарро таъйид кард ва гуфт, агар дар мавриди даст доштани ин афрод дар таркиши 3 сентябр дар Хуҷанд пайдо шавад, онҳоро ба Тоҷикистон истирдод хоҳанд кард.

Тавофуқи ҳамкориҳои дуҷониба

Ҳамлаи интиҳорӣ ба шӯъбаи мубориза бар ҷиноятҳои созмонёфтаи вилояти Суғд, тибқи иттилои расмӣ, 3 кушта ва 27 захмӣ, аммо тибқи иттилои ғайрирасмӣ, талафоти бештар дар пай доштааст. Ба гуфтаи мақомот, нафари худкуш Акмал Каримов, зодаи ноҳияи Истаравшан ва сокини шаҳри Хуҷанд буд, ки бо гурӯҳҳои террористӣ ҳамкорӣ мекард.

Созмони то ин замон номаълуме ба унвони "Ансоруллоҳ" масъулияти ин ҳамларо тариқи сайти марбут ба исломиёни чечен «Кавказсентр» ба зимма гирифт, аммо мақомоти Тоҷикистон ин ҳамларо кори дасти аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон арзёбӣ карданд.

Вазири корҳои дохилаи Русия иддаои мақомот дар бораи омода шудани ин ҳамлаи террористӣ дар ҳудудҳои кишварашро аз эҳтимол дур надонист. Ӯ бо ишора ба ширкати шаҳрвандони кишвараш дар ноамниҳои соли гузашта ва имсол дар шарқи Тоҷикистон гуфт, террористҳои Қафқози Шимолии Русия дар кишварҳои хориҷӣ омода мешаванд ва «бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам бо баҳонаи кор ба Русия омада, аз он ҷо ба мадориси динии кишварҳои исломӣ мераванд». Оқои Нургалиев ҳамчунин эҳтимоли робита доштани гурӯҳҳои террористиву тундагарои ду кишварро баъид надонист.

Вай аз тасмими мақомоти Тоҷикистон дар бораи бозхости донишҷӯёни тоҷик аз кишварҳои исломӣ истиқбол кард ва гуфт, дар ин самт кишвараш омодаи ҳамкорист.

Терроризм, қочоқи маводи мухаддир -- меҳвари гуфтугӯҳо

Тибқи иттилои расмӣ, мубориза бо ҷинояткории созмонёфта, терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ мавзӯҳои калидии ҷаласаи дувоздаҳуми муштараки вазоратҳои корҳои дохилаи Тоҷикистону Русия будаанд.

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ин зуҳуротро ба амният ва рушди иқтисоди Тоҷикистону Русия хатари ҷиддӣ хонд. Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бахусус таъкид кард, ки нақши ҷаласаҳои муштараки ниҳодҳои ду кишвар дар боздошти аъзои гурӯҳҳои созмонҳои ҷиноӣ муассир будааст.

Рашид Нургалиев, вазири корҳои дохилии Русия ҳангоми сӯҳбат рӯи тадобири ҷустуҷӯҳои муштараки ниҳодҳо гуфт, аз соли 2008 то моҳи октябри соли равон дар ҳудудҳои Русия 290 нафарро бо дархости Тоҷикистон боздошт кардаанд. Вай афзуд, Тоҷикистон дар ин давра 345 нафарро ба нафъи Русия дастгир кардааст. Вазири корҳои дохилаи Русия гуфт, дар доираи амалиёти байнулмилалии «Ҷустуҷӯ» Русия 12 ва Тоҷикистон 33 дастгир кардаанд.

Бо ин вуҷуд, мавзӯи мубориза бо терроризму экстремизм ва тундгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар протоколе, ки дар анҷоми ҷаласаи муштараки вазоратҳои корҳои дохилаи Тоҷикистону Русия бештар таъкид мешавад.

Ҷонибҳо ҳамчунин аз ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон ва таъсири эҳтимолии он ба ҳудудҳои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё ОДКБ изҳори нигаронӣ карданд. Вазири корҳои дохилаи Русия гуфт, кишвараш бо Тоҷикистон қабл аз ҳама дар доираи тааҳҳудоти ин паймон ҳамкорӣ ва кӯмак хоҳад кард.