Ду мақоми аршади Русия як ҳафта баъд аз интихоботи Молдова, ки кадом ғолиби умдаеро маълум накард, бо сафари ғайримунтазирае вориди Кишинёв шудаанд. Раҳбари дастгоҳи Кремл Сергей Наришкин ва муовини вазири хориҷаи Русия Григорий Карасин шоми шанбе ба Молдова омада, эълон кардаанд, ки роҳҳои ташкили “як ҳукумати коромад” дар ин кишварро ҷустуҷӯ мекунанд. Қарор аст, онҳо имрӯз бо ҳамаи раҳбарони Молдова, ба истиснои сарвазираш Влад Филат, музокирот доир кунанд. Русия аз ҳизби коммунисти Молдова ҳимоят мекунад, вале дар интихоботи ахир ба эътилофи аҳзоби рӯ ба Ғарб барои касби курсиҳои кофӣ барои интихоби раиси ин ҷумҳурӣ ҳамагӣ ду курсӣ нарасид.