ISAF, нирӯҳои байналмилалии кумак ба амнияти Афғонистон, ки таҳти фармони НАТО қарор дорад, гуфт, имрӯз як марди либоси пулис дар тан дар ҷараёни як давраи омӯзишӣ дар Афғонистон 6 сарбози ин паймонро ба ҳалокат расондааст. ISAF мегӯяд, ин ҳодиса бар шарқи кишвар рух дода, худи ҳамлагар низ кушта шуд. Тайи 9 соли ҷанг дар Афғонистон беш аз 2200 сарбози хориҷӣ ва аксар амрикоиҳо кушта шудаанд.