Идораи назорат бар парвозҳои Русия гуфт, ки имрӯз як кайҳоннаварди Русия ва ду фазонаварди Амрико аз истгоҳи байналмиллалии кайҳонӣ бо капсули Союз ба замин баргаштанд. Фёдор Юрчикин-фармондеҳи Союз ва фазонавардҳо Дуглас Вилок ва Шаннон Волкер дар Арқалиқи Қазоқистон ба замин фуруд омаданд. Онҳо аз 18-ӯми июни соли ҷорӣ дар истгоҳи кайҳонӣ қарор доштанд.