Озмуни "Маликаи хурдакак" дар Хоруғ ба поён расид

Бино ба хабарҳои расида аз Хоруғ, дар вилояти Бадахшон озмуни "маликаи хурдакак" баргузор шудааст. Дар ин озмун Ангубин Аминзода-духтарчаи 5-сола аз кӯдакистони шумораи 4-и шаҳри Хоруғ баранда шудааст. Созмондиҳандагони ин озмун гуфтаанд, ҳадф аз баргузории чунин тадбир ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии кӯдакон ва рушди фикрии онҳо будааст.