Украина дар соли 2013 раиси САҲА мешавад

Вазирони умури хориҷии 56 кишвари узв дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо имрӯз аз пешниҳоди раёсати Украина дар ин созмон дар соли 2013 пуштибонӣ карданд. Дар ҳоли ҳозир Қазоқистон ба ин ниҳод сарварӣ мекунад. Дар соли оянда раёсат ба дасти Литва ва сипас, дар соли 2012 ба дасти Ирландия хоҳад гузашт.