Боз як медали Тоҷикистон дар бозиҳои Гуанҷоуи Чин

Муродҷон Тӯйчиев, варзишгари тоҷик, дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар Чин дар сабқати гуштии юнониву румӣ барандаи медали биринҷӣ гардид. Ин саввумин нишони Тоҷикистон дар ин мусобиқот мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 3 медал – 1 тилло ва 2 биринҷӣ дар мақоми 24-ум қарор гирифтааст.