Биноба гузориши тозаи Иттиҳодияи дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистон, як миллиону ҳаштсад ҳазор сокини ин кишвар ба шабакаи ҷаҳони Интернет дастрасӣ дорад. Иттиҳодияи мазкур мегӯяд, дар ду соли ахир истифодаи Интернет тавассути телефонҳои ҳамроҳ низ роиҷ шудааст.
Иттиҳодия дар ҳоле аз афзоиши истифодаи Интернет дар кишвар гузориш медиҳад, ки ахиран созмони байналмилалии «Internet World Stars» бо нашри як гузориш дар бораи теъдоди истифодабарандагони Интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, теъдоди истифодабарандаҳои шабакаи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистонро 600 ҳазор номбар кард.
Иттиҳодияи дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон омори «Internet World Stars» созмони мазкурро кӯҳна арзёбӣ кард ва гӯфт, ин созмон теъдоде онҳоеро, ки ба интернет аз телефони ҳамроҳ ворид мешаванд, ба назар нагирифтаст. Аммо омори ин ду созмон дар мавриди теъдоди истифодабарандагони доимии интернет, тақрибан 600 ҳазор нафар, ба ҳам наздик аст.
Маъруфияти интернети телефонӣ
Иттиҳодияи дастраскунандагони интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди 450 ҳазор сокини Тоҷикистон тавассути телефонҳои ҳамроҳ ба интернет васл мешаванд. Гурӯҳҳои дигар аз шабакаҳои ноқилии интернет, телефонҳои оддӣ, марказҳои интернетӣ ва интернет – кафеҳо истифода мекунанд.
Парвина Ибодова – раҳбари ин иттиҳодия дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Натиҷаи таҳқиқоти мо ошкор сохт, ки тахминан 70 дар сади истифодабарандагони Интернет дар пойтахт ва вилоятҳои Суғду Хатлон асосан почтаи электронии худро боз мекунанд. Онҳо аз шабакаи ҷаҳонӣ барои алоқаву суҳбат бо дӯстон ва ҳамкорону пайвандон, инчунин, барои пайдо кардани шиносҳову дӯстони нав аз гӯшаву канорҳои ҷаҳон, ёфтани ҷойҳои корӣ истифода мекунанд. Ва бисёриҳо ба олами навигариву маводҳои тафреҳиву варзишӣ ва саргармкунанда дохил мешаванд.»
Барои аҳолии дур аз марказҳои маъмур, ки дар истифодаи интернет маҳдудият доранд, телефони мобил ягона роҳи дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонист.
Сарчашмаи иттилоъ ё воситаи тафреҳ?
Гузориши Иттиҳодияи истифодабарандаҳои Интернет ошкор кардааст, ки дар Тоҷикистон ҳануз Интернетро ҳамчун махзани иттилоъ ва дониш нашинохтаанд ва 70 дарсади муштариҳои шабакаи ҷаҳонӣ ба хотири тафреҳ ва гуфтугӯҳои ошиқона ба интернет ворид мешаванд.
Танҳо гурӯҳҳои хурд Интернетро манбаъи омӯзиш, ошноӣ бо фановариҳои ҷадид ва навигариҳои ҷаҳон медонанд. Қадамҷон Сафиев – раиси хадамоти назорати алоқа дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло гурӯҳҳои дорои афкори пешрафта зиёд нестанд, аммо хуш рӯ ба афзоиш овардаанд:
«Тақрибан 25 фоизи истифодабарандагон (беш аз 400 ҳазор) аз интернет барои ҷустуҷӯи хабару маълумот истифода мебаранд. Ва шумораи чунин истифодабарадагон сол то сол рӯ ба афзоиш дорад.»
Тоҷикистон соли 1995 тавассути Оҷонси рушди Осиёи Марказии Амрико - CADA ба алоқаи электронӣ дастрасӣ пайдо кард. Соли 1999 ширкати “Телеком Технолоҷӣ” аввалин шаҳрвандонро ба Интернет васл кард. Феълан пойтахти Тоҷикистон -Душанбе, марказҳои маъмурии вилояту ноҳияҳо ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон ба шабакаи ҷаҳонӣ васл шудаанд. Деҳоти Тоҷикистон, ба сурати умум, ба интернети ноқилӣ ва бесим дастрасӣ надорад
Фарҳанги истифодаи интернет тағйир меёбад
Дилором - як табиб аз шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ба хотири огаҳӣ аз пешрафтҳои замони муосир барои худаш ва ду фарзанди мактабхонаш компютер харидаст ва Интернет васл шудааст. Ӯ мегӯяд: «Барои он компютер харидам, ки фарзандонам ба интернет дохил шуда, аз гапу кори ҷаҳон хабар ёбанд. Ҳар гуна барномаҳои омӯзишӣ ҳаст он ҷо, масалан – барномаҳои омузиши забони англисӣ, китобҳо ҳаст, ки метавонанд беминнат истифода кунанд. Дӯстҳову шиносҳои нав пайдо мекунанд. Худатон тасаввур кунед, ҳозир дари кадом корхона, ки равед, «бо компютеру интернет кор карда метавонед ё не ?», гуфта мепурсанд. Талаботи замона ҳамин.»
Аммо худи Дилором барои ворид шудан ба Интернет аз телефони ҳамроҳ истифода мебарад.Вай мегӯяд, телефони ҳамроҳ робитаи инсонҳоро осон кардааст ва интерент дӯстонашро бо ӯ наздиктар кардааст.
Тибқи пажуҳиши иттиҳодияи дастрасӣ ба интернети Тоҷикистон, бо тавсеъаи шабакаи ҷаҳонӣ фарҳанги истифодаи он низ дар муқоиса бо 3 – 4 соли пеш боло рафтааст.
Нафъу зарари Интернет
Парвина Ибодова, раҳбари Иттиҳодияи дастраскунандагони интернет дар Тоҷикистон, мегӯяд, баҳсҳои бардавом дар бораи он ки шабакаи ҷаҳонӣ даричаи олами фаҳшоро ба рӯи мардуми мусалмони тоҷик боз мекунад, сабаб шуд, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ яке аз охиринҳо ба шабакаи ҷаҳонӣ пайваст гардид. Аммо ҳоло ин далел, ки интернет як роҳе ба олами беҳудуди илму фанноварӣ, фарҳангу навгониҳо низ ҳаст, ба тавсеъаи босуръати шабакаи ҷаҳонӣ дар ин кишвар мусоидат кардааст.
Омори расмӣ ва пажуҳиши созмонҳои байналмилалӣ ҳокӣ аз онанд, ки ҳоло 80 дар сади аҳолии Тоҷикистон телефони мобил доранд.
Қадамҷон Сафиев – раиси хадамоти назорати алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди ним миллиён, аз шумораи умумии 6 миллион дорандаи симкарди мобил дар Тоҷикистон, ба интернет дастрасӣ доранд. Ба мобилҳои дорои формати 3J танҳо васли флешкарти интернетии ширкатҳои мобилӣ кофист, то меҳмони шабакаи ҷаҳонӣ шавед. Хариди чунин телефони мобил ва васли он ба шабакаи ҷаҳонӣ ҳудуди 150 – 200 - и доллари амрикоӣ арзиш дорад. Илова ба ин интернети шабонарӯзӣ моҳона бо пардохти 20 доллар ба даст меояд. Бисёр ширкатҳои мобилӣ ба хотири ташвиқи муштариён барои истифода аз интернет тарофаҳои арзонтар ва мегабайтҳои ройгон пешниҳод мекунанд.