Кореяи Шимолӣ- қаҳрамони Осиё

Рӯзи 7-уми ноябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола баргузор шуд.
Дар ин бозии ҳалкунанда наврасони Кореяи Шимолӣ ба дарвозаи тими мизбон-Узбакистон ду голи беҷавоб зада, ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтанд.

Ҳамин тариқ ,чаҳор дастаи беҳтарини қора - Кореяи Шимолӣ, Узбакистон, Австралия ва Ҷопон ба сабқати ҷаҳониии футболбозони наврас, ки соли 2011-ум дар Мексика доир хоҳад шуд, роҳхат гирифтанд.

Вале дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар сабқати гурӯҳӣ дар мақоми охирин қарор гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.