Имрӯз қарор аст, сарони эътилофҳои асосии сиёсии Ироқ дар робита ба поёни ихтилофоти хеш сари таъсиси ҳукумати нави ин кишвар мулоқот кунанд. Сухангӯи ҳукумат Алӣ Ал-Даббоғӣ ба хабаргузории Франс-Пресс гуфтааст, ҳамаи аҳзоб ризоият доданд, ки Ҷалоли Толибонӣ фаъолияти хешро ба ҳайси сардори давлат ва Нурӣ Ал-Моликӣ ба ҳайси сарвазири Ироқ идома диҳанд. Раиси порлумон аз эътилофи суннимазҳаби Ироқия интихоб хоҳад кард. Бино бар хабарҳо, раҳбари он, сарвазири собиқ Аёз Алавӣ созишро тасдиқ кардааст, вале мегӯяд, сари бархе аз мақомоти калдидӣ баҳс идома хоҳад кард. 11-уми ноябр порлумони Ироқ раиси нави худро интихоб хоҳад кард.