Додситонии Эрон мегӯяд, муҳокимаи се ҷаҳонгарди амрикоӣ, ки ба ҷосусӣ айбдор мешаванд, ба таъвиқ афтода ва рӯзи баргузории он ҳанӯз номаълум аст. Қаблан мақомоти эронӣ гуфта буданд, муҳокима рӯзи 6-уми ноябр баргузор хоҳад гашт. Яке аз ин се айбдоршаванда, Сара Шурд ҳарчанд 14-уми сентябр бо миёнаравии Умон ба озодӣ баромад, бояд дар додгоҳ ҳозир шавад. Аммо аҳли хонаводаи ӯ мегӯянд, вай ҳанӯз тасмим наигирифтааст. Ҳарсе ҷаҳонгард, ки тобистони соли 2009 боздошт шудаанд, худро бегуноҳ мешуморанд ва мегӯянд, иштибоҳан аз Ироқ вориди қаламрави Эрон шудаанд.