Бино ба хабарҳо, як бамгузори машкук дар майдони аслии Истанбул бо номи Тақсим рӯзи якшанбе моддаеро мунфаҷир сохтааст, ки дар натиҷа 32 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазир ин амалро маҳкум кард. То ҳол ҳеҷ кас ё гурӯҳе масъулияти онро бар ӯҳда нагирифтааст. Телевзиони NTV-и Туркия гуфт, дар маҳали ҳодиса танҳо як ҷасад пайдо шудааст ва он ҳам шояд ҷасади бамгузори интиҳорӣ бошад. Ҳусейн Авлӣ Мутлу-шаҳрдори Истанбул ба хабарнигорон гуфтааст, 15 корманди пулис ва 17 ғайринизомӣ дар ин ҳодиса захмӣ шудаанд.