Шодмонии мардум дар Чилӣ аз наҷоти конканҳо

Дар Чилӣ мардум хушиву шодмонӣ доранд ва аз поёни ҳаяҷонангези достони 33 конкан, ки баъди бештар аз ду моҳ аз умқи садҳо метр зинда берун оварда шуданд. Себастиян Пинера, раиси ҷумҳури Чилӣ наҷоти конканҳоро “мӯъҷизае” номид, ки ба гуфтаи ӯ мардуми Чилиро муттаҳид кард. Маъмурони наҷот ҳамаи 33 конканро як ба як бо қафаси танге аз тариқи дохили лӯлаи борике дар зарфи 24 берун кашиданд. Баъди фурӯ рехтани нақби кони тиллову мис дар биёбони Атакама дар шимоли Чилӣ дар моҳи август, ин конканҳо тақрибан 70 рӯзро дар зери замин сипарӣ карданд. Тайи 17 рӯз ҳама бовар доштанд, ки ин конканҳо ҳалок шудаанд.