Душанбе аз САҲА хостори ҳалли мушкили вагонҳо шуд

Сафири Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо барои бори севвум аз ин созмон тақозо кардааст, то дар ҳалли мушкилоти транзити вагонҳои Тоҷикистон тавассути қаламрави Узбакистон кӯмак кунад.
Нуриддин Шамсов сафири Тоҷикистон дар САҲА, дар иҷлоси Шӯрои доимии ин созмон бори дигар масъалаи вазъи, ба таъбири оқои Шамсов, “изтиробовари муҳосираи роҳи оҳани Тоҷикистон аз сӯи Узбакистон”-ро матраҳ кард.

"Муҳосираи изтиробовар"

Нуриддин Шамсов гуфт, авзоъ бидуни тағйир ва ҳамчунон изтиробовар боқӣ мемонад. Намояндаи Душанбе дар ин ҷаласа омори расмии ширкати роҳи оҳани Тоҷикистонро мисол овард, ки ҳокии то имрӯз дар қаламрави Узбакистон банд мондани 884 вагони ҳомили молу коло будааст.

Ҷаноби Шамсов гуфт, ки муҳосираи бардавоми роҳи оҳани Тоҷикистон аз сӯи Узбакистон ҷиддан метавонад ба субот латма ворид карда, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳуриро фалаҷ бисозад, ки ба думбол пайомадҳо манфии амниятӣ ҳам хоҳад дошт. Сафири Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хостори ирсоли оҷилонаи ҳайъати таҳқиқотии САҲА ба минтақа ба хотири таҳқиқи холисонаи баҳси уфтода байни Душанбеву Тошканд бар сари вагонҳо шудааст.

«Мо ба САҲА ва раёсати Қазоқистон хотиррасон кардем, ки кишварҳои аъзо ӯҳдадориҳо доранд, аз ҷумла дар масъалаи таъмини озодонаи ҳамлу нақл ва ин ӯҳдадориҳо иҷро нашуда истодааст. Дуввум вақте, ки Қазоқистон дар соли 2010 раёсатро бар ӯҳда гирифт, гуфт, ки масъалаи транспорти тронзитро дар авлавият қарор медиҳад. Ҳаминро мо ба раёсати Қазоқистон хотиррасон кардем. Севвум, мо аз САҲА хоҳиш кардем, як тими вижаро барои ҳалли ин мушкил сафарбар кунад ва ин масъала холисона баррасӣ шавад.»

Омори зиддунақиз

Бино ба оморе, ки бо такя ба арқоми ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои доимии САҲА садо дод, аз 884 вагони Тоҷикистон, ки дар марз ва роҳҳои оҳани Узбакистон банд мондааст, 100 вагон маводи сӯхт, 4 вагон маводи сохтмон, 6 вагон гази табиӣ ва 619 вагон маводи ғизову дорувор ва таҷҳизот доштаанд.

Ин дар ҳолест, ки Андрей Тропин, муовини раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар умури ҳамлу нақл, ба нашрияи расмии “Народная газета” омори дигареро ироа карда ва теъдоди вагонҳои бозмондаи Тоҷимкистон дар қаламрави кишвари ҳамсояро 103 адад баршумурдааст. Ба гуфтаи оқои Тропин, дар шумули ин вагонҳо 4 вагони ҳомили молу коло барои нерӯгоҳи Роғун ва ширкати “Помир Энержӣ”, масъули фаъолияти нерӯгоҳи аввали Помир ҳам буда, ки аз моҳи феврал ба ин сӯ иҷозаи убур гирифта наметавонанд.

Ҳадаф -ҷилавгирӣ аз сохтмони Роғун?

Аксари нозирони умур аз ҳамон оғоз баҳси Душанбеву Тошканд бар сари вагонҳоро ба азми давлати Тоҷикистон барои сохтани нерӯгоҳи Роғун ва мухолифати шадиди Тошканд ба ин тарҳи барои Душанбен ҳаётан муҳим рабт медоданд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиноси иқтисод мегӯяд, ки аз моҳи феврал аз банди Узбакистон раҳо нашудани ин 4 вагон собит мекунад, ки қасди Тошканд аз банд кардани вагонҳо, маҳз пайдо кардану гирд гирифтани вагонҳои ҳомили таҷҳизоти фаннӣ барои ин нерӯгоҳ будааст.Ҷаноби Умаров афзуд: "Ҳамон 4 вагони бандшуда ҳокӣ аз он аст, ки ҳадафи стратегии Узбакистон мухолифат ба сохмони Роғун аст. Зеро мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ва рушди ин ҷумҳуриро дучанд мекунад".

Баҳси банд шудани вагонҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон аз моҳи феврал оғоз ёфт ва дар рӯзҳои авҷи ин таниш, ки ба моҳҳои апрелу майи соли ҷорӣ дуруст омад, ҷониби Душанбе дар бораи аз марзи 2000 гузаштани теъдоди вагонҳои бандшудааш дар марз ва роҳҳои оҳани Узбакистон шикоят мекард. Душанбе ин қазияро ҳатто талоши муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон аз сӯи ин кишвари ҳамсоя унвон карда мегуфт, ҳадаф мамониат ба иҷрои тарҳҳои муҳими энержии Тоҷикистон, аз ҷумла барномаи бунёди нерӯгоҳи Роғун аст.

Кумиссиюни муштараки Тошканд ва Душанбе

Бо ин ҳол, "Народная Газета" аз қавли Андрей Тропин дар бораи таъсиси як кумиссиюни муштарак байни Тоҷикистону Узбакистон хабар додааст. Андрей Тропин муовини раиси ҳамлу нақли идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтааст, ин комиссия ҳар мавриди шикоят дар бораи гум шудани молҳо дар вагонҳои бандшуда дар қаламрави Узбакистонро ба сурати алоҳида баррасӣ карда, дар сурати собит шудани шикоёт, хисороти воридаро тарафи Узбакистон ҷуброн хоҳад кард.

Усмон Қаландаров, муовини раиси идораи Роҳи Оҳани Тоҷикистон ҳам ба РО гуфт, дар ҳоли ҳозир низ мушкилоти тронзит ва гум шудани колоҳо дар марзи Узбакистон комилан ҳалношуда боқӣ мондааст. Вай афзуд ки мо ба прокуратура ва дигар ниҳодҳои Узбакистон дар бораи мушкилоти транзит ва гум шудани колоҳо муроҷиъат кардем.

Дар ҳамин ҳол Саид Шариф, раиси утоқи бозаргонӣ ва саноии Тоҷикистон ҳам ахиран унвонии мақомоти Узбакистон номае ирсол карда аз онҳо тақозо кардааст то тааҳудоти бар зимма гирифтаи худ дар заминаи ҳамлу нақл ва тронзитро иҷро кунанд.