Дар Қазоқистон вазири нави тандурустӣ таин шуд

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон Салидат Қаирбековаро вазири тандурустии кишварш таин кард. Вай ба ҷои Жақсилиқ Досқалиев , ки ҳоло дар бемористон бистарӣ шудааст, ба ин мақом омад. Досқалиев баъд аз бозпурсии пулис 27-ӯми сентябр дучори сактаи қалбӣ шуд. 29-ӯми сентябр додгоҳи Остона бо назардошти вазъи саломатии Досқалиев иҷозаи боздошти вайро содир накард. Досқалиев барои ришвахорӣ ва фурӯши дороӣ гумонбар дониста мешавад.