Исроил аз Амрико ҳавопаймоҳои муосири ҷангӣ мехарад

Исроил бо Амрико як қарордоди 2,75 миллиард долларӣ ба имзо расонд. Тиқи ин қарордод, Исроил аз Амрико 20 ҳавопаймои пешрафтаи ҷангии навъи F-35 харидорӣ мекунад. Майкл Орен-сафири Исроил дар Амрико ҳавопаймои F-35-ро пешрафтатарин ҷанганда дар ҷаҳони муосир тавсиф кард. Вай гуфт, бо доштани чунин ҳавопаймоҳои ҷангӣ Исроил бар зидди ҳар гуна ҳамла дар минтақаи Ховари Миёна қудрати дифоии худро боло мебарад.