Ҳамла ба мошини сафорати Бритониё дар Санъо

Дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, як мошини сафорати Бритониё мавриди ҳамла қарор гирифт. Ба иттилоъи хадамоти амниятӣ, дар мантақаи шарқии пойтахт афроди номаълум сӯи мошин аз миномёт оташ кушоданд. Дар ин ҳодиса се раҳгузар захмӣ шуданд, ба кормандони сафорат осебе нарасидааст.