Бино ба хабарҳои расид, ду ҳизби пешгоми ислоҳотхоҳи Эрон, ки аз номзадии Мирҳусейни Мӯсавӣ дар интихоботи соли гузашта ҳимоят мекарданд, баста шудаанд. Сухангӯи Вазорати адлияи Эрон, Ғуломҳусейн Мӯҳсинии Эҷеӣ гуфтааст, Ҷабҳаи Мушоракати Исломии Эрон ва Созмони Муҷоҳидони Инқилоби Исломии Эрон баста шуданд. Ин аҳзоб дар гузашта аз тарафи Вазорати умури дохилии Эрон ҳушдор гирифта, чандин узви онҳо дар тазоҳуроти пасоинтихоботӣ боздошт ва зиндгонӣ шудаанд.