Куммиссиюни шикоёти интихоботии Афғонистон гуфт, ба дунболи интихоботи парлумонии рӯзи 18 сентябр ҳудуди 3 000 шикояти расмӣ дарёфт кардааст. Аҳмадзиё Рафъат, яке аз 5 узви ин ниҳоди таҳти ҳимояти СММ гуфт, ин шикоёт пиромуни тахаллуфот дар рӯзи раъйгирӣ ва дар ҷараёни пешбурди маъракаҳои пешазинтихоботист. Ӯ гуфт, ки онҳо шикоёти мардумро то соати 4 асри рӯзи чоршанбе қабул хоҳанд кард.
Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва фиристодаи СММ Стефан де Мистура ҳарду гуфтаанд, муваффақ хондани интихоботи 18 сентябр ҳанӯз барвақт аст.
Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва фиристодаи СММ Стефан де Мистура ҳарду гуфтаанд, муваффақ хондани интихоботи 18 сентябр ҳанӯз барвақт аст.