Дар Файзобод муовини раиси КДАМТ захмӣ нашудааст

Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабарҳои нашршуда дар бораи ҷароҳат бардоштани муовини раиси ин кумита дар як даргирӣ дар рустои Чанорҳои ноҳияи Файзободро радд кардааст. Ношири ин хабар, ожонсии “Азия Плюс” аз қавли ин манбаъ мегӯяд, ки дар ин задухӯрди шаби 18 сентябр ду корманди фаврии амният, ки дар Файзобод дар чаҳорчӯби амалиёти таъқиби маҳбусони фирорӣ фаъолият доштанд, маҷрӯҳ шудаанд ва вазъи сиҳҳати онҳо феълан нигаронкунанда нест. Шаби 23 август аз боздоштгоҳи кумитаи амният дар Душанбе 25 маҳбус, ки аксар ба қасди табаддулоти давлатӣ айбдор мешаванд, фирор карданд. То кунун фақат 7 тан аз ин фирориён боздошт шудаанд.