Ҳамлаи мушакӣ алайҳи афроди Ҳаққонӣ

Ҳавопаймои бидуни сарнишини эҳтимолан Амрико дирӯз алайҳи як мошин дар сарзаминҳои қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистони Покистон ду мушак партоб кард, ки дар натиҷааш 4 ҷангӣ кушта шуданд. Ин ҳамла дар Деҳқон, рустое дар минтақаи Датахайл, 20-километрии ғарби Мироншоҳ рух дод.
Як мақоми иктишофӣ дар Мироншоҳ ба Франс Пресс гуфтааст, ки афроди кушташуда марбут ба шабакаи Ҳаққонианд.