11 фоиз рушди саноати Тоҷикистон дар соли ҷорӣ

Маҷмӯъи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон тайи 8 моҳи аввали соли ҷорӣ 10,9 дарсад афзуда, ба 4,6 миллиард сомонӣ, ё чизе бештар аз 1 миллиард доллар баробар шудааст. Беш аз нисфи ин нишондиҳанда аз ҳисоби тавлидоти ТАЛКО, бузургтарин ширкати саноатии Тоҷикистон ба даст омадааст.
Ин дар ҳолест, ки тайи ин муддат аз 844 корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон 143 корхона, ё шашяки корхонаҳои саноатии кишвар кор накардаанд. Аммо дар моҳи август, ба навиштаи хабаргузории “Авасто”, ҷамъи корхонаҳои саноатие, ки кор намекарданд, ба 329 адад расид, ки 39 дарсад аз ҷамъи таъсисоти саноатии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.