Идомаи моҷарои ихроҷи лӯлиҳо аз Фаронса

Эҳтимоли он меравад, ки моҷаро бар сари ихроҷи баҳсбарангези лӯлиҳо аз Фаронса нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупоро таҳти шуоъ қарор диҳад, ки дастури кораш масоили иқтисодист. Нишасти мазкур имрӯз дар Брюссел пойтахти Белгия баргузор мешавад. Дар остонаи ҳамоиш, давлати Фаронса баёнияи Вивиан Рединг, кумиссионери адлияи Иттиҳодияи Аврупоро ғайриқобили қабул хонд, ки ихроҷи лӯлиҳо аз Фаронсаро ба таъқиби онҳо аз тарафи Олмони фашистӣ дар замони Ҷанги ҷаҳонии дуввум баробар кард. Франсуа Филлон нахуствазири Фаронса гуфт: “ Муқоиса бо Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум, боварнокарданӣ, тассавурнопазир ва шармовар аст ва чунин баёнияи қазоватӣ доир ба сиёсати кишвар ҷоиз нест. Далелҳо вуҷуд дорад ва бигзоред ба далелҳо такя кунем. Ва бо далелҳо мо то чанд соати оянда нишон хоҳем дод, ки Фаронса муқаррароти кишвар ва Иттиҳодияи Аврупоро риоят мекунад.” Ӯ аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ба масоили лӯлиҳо расидагӣ кунад, ки ғайриқонунӣ ва дасти холӣ ба кишварҳои аврупои ғарбӣ мераванд. Аз оғози соли равон, Фаронса бештар аз 8 ҳазори лӯлиро аз ин кишвар, бахусус ба ватанҳояшон Руминия ва Булғористон рондааст.