Нирӯҳои Тоҷикистон ба "Рисолати сулҳ-2010" мераванд

Як гурӯҳи фаврии нирӯҳои зудамали артиши Тоҷикистон фардо ба хотири ширкат дар машқҳои муштараки кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Қазоқистон меравад. Машқҳои мавсум ба “Рисолати сулҳ-2010” бо ширкати беш аз 5 000 сарбоз дар тамрингоҳи низомии Матибулоқи вилояти Ҷамбул 9 сентябр шурӯъ шуда, 16 рӯз идома хоҳад кард. Сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт, қарор аст, вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев низ ба хотири назорати ин машқҳо ба Қазоқистон биравад.