Ҳамла ба масҷиди аҳмадиҳо дар Мардони Покистон

Ҳамлаи интиҳорӣ ба масҷиди як ақалияти мазҳабӣ дар шимолуғарби Покистон мунҷар ба ҳалокати дастикам 1 нафар ва ҷароҳат бардоштани чандин тани дигар шуд. Ҳадафи ҳамла масҷиди аҳмадиҳо дар шаҳри Мардон будааст. Пулис мегӯяд, ки посбонон бомбгузори маргталабро дар назди дарвоза манъ карданд ва ӯ худро тарконд.
Тайи 10 соли охир дар натиҷаи хушунатҳои мазҳабӣ дар Покистон, ки асосан байни аксарияти суннӣ ва ақалияти шиъа рух медиҳад, беш аз 4000 нафар кушта шуданд.